Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2000 метр барф дар назар аст.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, борони  кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 м барфрезӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-5, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, дар минтақаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва  шабона дар баландии 2000 м рехтани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11  ва рӯзона +12+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ борон дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +5+10  ва рӯзона ба +11+16  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here