Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 12-уми декабр, дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-10, рӯзона 0+5  ва дар шарқи ин вилоят шабона -22-27  ва рӯзона -8-13 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 4-9 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво шабона -1+4  ва рӯзона  10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шабона 0+2  ва рӯзона +12+14  дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий