Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар шарқи вилоят шабона -9-7 ва рӯзона -1+1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ шабона 3-8  метр   дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +1+3  ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона +2+4 ва рӯзона +13+5   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона ба -2+3 ва рӯзона ба 7+12 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона -1+1  ва рӯзона 10+12  дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий