Шурӯъ аз имрӯз, 8 октябр,  дар қаламрави Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз 10 то 15 дараҷа коҳиш ёфта, борони зиёд ва дар баландиҳои аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боло барф дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок   дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, рӯзона 13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 14+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат шабона ба 7+12 ва рӯзона ба 20+25 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 8+10 ва рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий