Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 30 дараҷа мерасад, аммо дар баъзе аз нуқоти дигари кишвар то 10-15 дараҷа сард мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар ғарби вилоят шабона -1+4, рӯзона  +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8  метр   ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9  ва рӯзона  21+26   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок    дар назар буда,  дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +25+30   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 4+9 ва рӯзона ба +24+29 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +5+7  ва рӯзона +25+27  дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий