Имрӯз, 15-уми ноябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани меғ пешгӯӣ карда мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона -0+5  ва рӯзона  8+13 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +6+11  ва дар шарқи ин вилоят шабона -3-18  ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани меғ дар назар аст. Ҳарорат шабона 0+5  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дамои он шабона +1+3  ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here