Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик шоми 11-уми март дар Театри давлатии ҷавонони ба номи  Маҳмудҷон Воҳидов, бо  иштироки  собиқадорони матбуот ва намояндагони васоити ахбори оммаи давлативу мустақил чорабининии идона баргузор гардид.

Дар оғоз намояндаи бахши ёвари президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода суханронӣ карда, намояндагони матбуотро бо рӯзи касбиашон шодбош гуфт. Масрур Абдуллозода таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ВАО барои шаклдиҳӣ ва таъсиргузории афкори умум муҳимтарин нақшро соҳиб аст.

Ӯ таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати кишварро ба самти ВАО махсус зикр карда, аз мулоқоти солиқаблии Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ ёдовар шуд ва нутқе аз суханронии сарвари давлатро бо чунин мазмун ба самъи ҳозирин расонд:

“Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки  ВАО, аз ҷумла интернет дар ташаккул ва танзими афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад, яъне дар замони муосир касе, ки иттилооотро идора карда метавонад, имкон дорад, дар идоракунии афкори ҷомеа низ муваффақ бошад.  ВАО чӣ ҳукумативу чӣ мустақил, мисли ду боли муқтадир буда, дар назди Ватан ва ҷомеа баробар бори масъулият мекашанд”.

Дар идомаи чорабини вазири фарҳанги кишвар Давлатзода Зулфия ба минбар баромада, матбуотчиёро табрик кард.

— Таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ба созандагиву бунёдкорӣ даъват ва ҳидоят намудани мардум қарзи дар толор нишастагон мебошад, — иброз намуд вазири фарҳанг.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода қабл аз оғози суханронии худ ба хотири гиромидошти хотироти журналистоне, ки дар соли сипаришуда ҷаҳонро падруд гуфтанд, чанд дақиқаи хомушӣ эълон кард.

Ӯ хизматҳои журналистонро дар  таҳкими давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард:

— Мову шумо рисолате дорем, ки ҳақиқати ҳаёт ба мардум мебошад ва гоҳҳо зимни расонидани ҳақиқат ба сӯйи мо ангуштоне ишора мешаванд. Вале ҳар журналисте, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ содиқ аст, ҳамеша як мақсад дорад: проблемаҳои ҷумҳуриро ифшо намуда, барои беҳбудии он кӯшиш кардан.

Зиннатулло Исмоилзода дар хотимаи суханрониаш,  барои ба вуҷуд овардани фазо ва рақобатпазирии иттилоотӣ, ба намояндагони ВАО изҳори миннатдории роҳбарияти Иттифоқи журналистонро расонд.

Дар анҷоми чорабинии идона ба журналистон ва намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ ҷоиза, сипоснома ва мукофотҳои пулии таъсисдодаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг тақдим гардид.

Тӯҳфаҳои Вазорати фарҳанг ба собиқадорони матбуот

Гулчеҳра Фозилова

Суҳробшо Диловаров

Раҷаб Мардонов

Расул Шарифов

Нур Табаров

Унвони “ Аълочии матбуоти Тоҷикистон”

Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дилшод Амиров – корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Идигул Раҷабова – корманди радиои “Тоҷикистон”

Мирзотабар Тошбеков – намояндаи “Тоҷикматлубот”

Абдуҳамид Раҳимов – устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия

Сипосномаҳои Вазорати фарҳанг

— рӯзномаи “Ҷумҳурият”

— рӯзномаи “Народная газета”

— рӯзнома “Халқ овозӣ”

— рӯзномаи “Садои мардум”

— ҳафтаномаи “Минбари халқ”

— ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”

— муассисаи нашриявии “Адиб”

Натиҷаи пурсишномаи Иттифоқи журналистон

— Нашрияи сол – рӯзномаи “Ҷумҳурият”

— Нашрияи соҳавии сол – нашрияи “Омӯзгор”

— Оҷонсии иттилоотии сол – Оҷонсии иттилоотии “Авеста”

— Телевизиони сол – Телевизиони “Синамо”

— Маркази матбуотии сол – Маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон

— Сармуҳаррири сол – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов

Маҷаллаи сол – маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”

Коршиноси сол – Абдуллои Роҳнамо

Ношири сол – нашриёти “Адиб”

Журналисти сол – марҳум Валиҷон Баёнӣ

Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

— дар самти пажуҳиши журналистӣ – ҳеҷ кас

— дар самти матбуот – Эҳсон Сафарзода

— дар самти телевизион – Вера Исмоилова

— дар самти радио – Фазилат Иброҳимзода

Ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ

— Гулноза Қосимова – донишҷӯйи ДМТ

— Меҳрубон Зокирӣ – донишҷӯйи ДМТ

— Бахтиёр Сафарализода – донишҷӯйи ДМТ

— Ҷунайд Ибодуллозода – донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Бохтар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here