29-уми август ду вохӯрии даври 17-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:0 бар «Регар-ТадАЗ» ғолиб омад ва аз хафви тарки Лигаи олӣ раҳо ёфт.

Ин ғалабаи муҳим ва даркориро зарбаҳои аниқу нишонраси Умед Шарипов (дақиқаи 35-ум) ва Отабек Каримов (дақиқаи 72-юм) ба даста оварданд. Баъди ин ғалаба футболбозони «Вахш» шумораи имтиёзҳояшонро бо «Регар-ТадАЗ» баробар карданд ва акнун дар зинаи 5-уми ҷадвал қарор доранд.

Дар вохӯрии дигар КМВА «Помир» дар меҳмонӣ бо дастаи «Панҷшер» мусовӣ (1:1) кард. Ба голи задаи Алишер Салимов ҳарбиён бо зарбаи нишонраси Зоир Ҷӯрабоев ҷавоб гардонданд.

Вохӯриҳои даври навбатӣ 23-юми август баргузор хоҳанд шуд. Дар ин давр «Вахш» дар майдони худ бо КМВА «Помир», «Барқчӣ» дар Ҳисор бо «Панҷшер», «Регар-ТадАЗ» дар Турсунзода бо «Ҳисолот» бозӣ мекунанд.

Добавить комментарий