Шурӯъ аз соли 1998 дар Тоҷикистони азиз санаи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ 23-юмин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, новобаста ба бемории сироятии ҳамагири COVID-19 ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Албатта ба хотири ҳифзи сиҳатии омма, таъмини бехатарии сокинони мамлакат ҷашн ва тантанаҳои оммавӣ мисли солҳои гузашта шояд баргузор карда нашаванд, аммо ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки ҳар сокини мамлакат бо амри дил, даъвати виҷдон, инсофу имон ин рӯзи саид – санаи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҳатман бо аҳли хонадони худ ҷашн мегирад. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд:

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад».

Зимнан, давоми солҳои гузашта олимону коршиносон, мутахассисон ва дигар ашхосе, ки ба омӯзиши фарҳанги сулҳи тоҷикон машғул ҳастанд, ҷашни ваҳдати миллиро аз соли 1997 ба қайд гирифта изҳор мекунанд, ки имсол, соли 2020-ум 23-солагии Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Расман ин даъват дуруст аст, зеро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ба имзо расонида шудааст, аммо ба андешаи мо ҷашни ваҳдати миллӣ на умри 23-сола, балки умри аз ин сана зиёд дорад, зеро замоне ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, пеши тамоми сокинони мамлакат бо азм ва иродаи қавӣ савганд ёд карданд, ки ба сарзамини тоҷикон сулҳ меорад ва охирин гурезаро аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватан бармегардонад.

Воқеан ҳам Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  «Санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон — мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад».

Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонад, ки дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ, ки дар оғози истиқлолияти Тоҷикистон бо гуноҳи душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба вуқӯъ пайваст, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳи мамлакат ба ҳалокат расида, даҳҳо ҳазор нафар модарону занон бесаробон ва кӯдакон ятим монданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанон гуреза шуданд, ҳазорон иншооти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат харобу валангор ва сӯхтаву нобуд гардиданд.

Дар чунин лаҳзаҳои ниҳоят вазнину фоҷиабор Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва роҳбарияти нав интихобшудаи давлат масъулияти ба эътидол овардани вазъи мамлакатро ба дӯш гирифта буд. Вазифаи муҳимтарин ва фаврии Ҳукумати навтаъсис зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчӣ зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмин намудани онҳо бо шароити зарурии зиндагӣ ва кор буд.

Барои амалӣ намудани ин вазифа, ки аз тарафи халқ пеши Ҳукумати навтаъсис гузошта шуда буд,  бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлати тоҷикон дар асри нав, музокироти сулҳ бо мухолифини мусаллаҳ оғоз карда шуд. Ин раванд чил моҳ дар кишварҳои гуногуни олам сурат гирифта, чил санади муҳим бо мухолифини яроқнок ва аз хориҷи кишвар идорашаванда ба имзо расонида шуд. Дар натиҷаи талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи панҷсола 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва, бо ҳузури намоядаи воломақоми Созмони Миллаи Муттаҳҳид ба имзо расонида шуд.

Баъд аз имзои созишномаи сулҳ марҳалаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ шуд, ки саъйю талоши Ҳукумати мамлакат дар давоми даҳ сол асосан ба ҳамин самт равона гардида буд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ беш аз як миллион нафар ҳамватани гурезаву аз Ватан дурафтода ба маҳалли зисташон баргардонида шуданд, ки чунин натиҷаро таърих ва то ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ, ёд надорад. Ба ибораи дигар, дубора ба ватан баргардонидани як миллион гуреза на танҳо факти таърихӣ, ҳамчунин амали нодири таърихӣ эътироф карда шудааст. Зеро барқарор намудани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот, амният, аз нав ба роҳ мондани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, барқарор намудани манзилҳои зисту иншооти сӯхтаву валангоршуда саъю талош, хоҳиш, вақт ва хароҷоти молиявиро талаб мекард. На ҳар як Ҳукумат қудрат дошт, ки ин масъулияти таърихиро ба зиммаи худ гирад. Бо вуҷуди мушкилот, сахтиҳо, набудани таҷриба, кам будани буҷа шурӯъ аз солҳои 2000, ба туфайли сулҳу субот пастравии иқтисод дар ҷумҳурӣ боз дошта шуд ва дар мамлакат марҳалаи нави рушд оғоз гардид. Аз ҷумла, давоми ду даҳсолаи охир рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин гардид. Барои муқоиса, агар  солҳои аввали  баимзорасии Созишномаи  истиқрори сулҳ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии  мамлакат  518,4 млн. сомонӣ ва сурати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 беш аз 68 млрд. сомонӣ  ва афзоиши воқеии он ба  7,3 дарсад баробар гаштааст.  Дар ин давра  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ аз 89 сомонӣ то ба  7 ҳазор сомонӣ, ба ибораи дигар 70 маротиба зиёд гардидааст.

Соли 2018 даромади молиявии аҳолӣ 28 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам соли 1997 ҳамагӣ 348,3 миллион сомонӣ буд.

Ҳукумати  мамлакат  баъд аз ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризояти миллӣ ба такмил додани механизҳои озоди иқтисодӣ, сода гардидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ оғоз бахшида, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ кард. Дар натиҷа, ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ зиёд карда шуд ва сатҳи  некуаҳолии мардум боло бардошта шуд.

Пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 6,6 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, зиёда аз 2 баробар, кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда бошад, беш аз 1 маротиба зиёд гардидаанд. Дар ин давра фонди музди меҳнати ин корхонаҳо зиёда аз 1,1 миллион сомонӣ, ҳаҷми даромад аз фурӯши маҳсулот аз 6,1 миллион сомонӣ то зиёда аз  220,2- 4421,6 миллион сомонӣ баробар гардид.

Таъмини сулҳ ва ризояти миллӣ имкон фароҳам овард, ки фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзию молиявӣ дар  мамлакат  беҳтар гардад.  Тавре, ки аз омори расмӣ бармеояд, давоми солҳои 2000-2018 ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 20 маротиба зиёд гардидааст.

Истиқрори сулҳ  ва ризояти миллӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардад.

Дар давраи баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда барои расидан ба се ҳадафи муҳими стратегӣ:

— баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ;

— расидан ба истиқлолияти энергетикӣ;

— таъмини амнияти озуқаворӣ, равона карда шуданд.

Ваҳдати миллӣ на танҳо боиси рушди иқтисодӣ гардид, балки ваҳдати миллӣ барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Дар ин раванд бо талошҳои Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва зеҳниву ақлонии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон мунтазам баланд бардошта шуда, донишу ҷаҳонбинии дунявии онҳо фарох, мутобиқ бо ҳаводиси дунёву замон рушд дода шуд. Зеро Ҳукумати мамлакат таъин кардааст, ки танҳо тавассути ақлу хирад ва фарҳанги инсонпарварона мушкилоту таҳдидҳои замони мураккаби муосир бартараф карда мешаванд.

Воқеан ҳам, моро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат боз ҳам муттаҳид, якдил, якрӯ ва якмаром бошем, нагузорем, ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони Тоҷикистони азиз халалдор гардад.

Гузашти айём исбот кард, музокироти сулҳ роҳи асосии бартараф намудани мухолифат ва шарти муҳими пешрафту ободии кишвар мебошад. Бинобар ҳамин, таҷрибаи сулҳ ва оштии миллии тоҷикон мавриди омӯзиш ҷомеаи башарӣ қарор дорад.

Бо шарофат ва самараи ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Раҳоӣ бахшидан аз буҳрони шадид, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд. Сохтмону таъмир, таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон, муассисаҳои тиббӣ, бунёди даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо, аз дирӯз то имрӯз ва аз имрӯз то фардо беҳтар шудани шароити зисти сокинони мамлакат маҳз ба шарофат ва самараи Ваҳдати миллӣ ба даст оварда шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар ояндаи наздик садҳо корхонаи муосири саноатӣ бунёд ва даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешаванд.

Бояд зикр кард, ки мафҳумҳои сулҳу субот, ваҳдату сарҷамъӣ барои сокинони Тоҷикистони азиз арзишманд буда, ҳар шаҳрванди мамлакат қадру манзалат ва ҷойгоҳи ин неъматҳо: Сулҳ, субот, ваҳдату сарҷамъиро хуб медонад. Ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатсози давлат бо тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар ин раванд, тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд, зеро Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолӣ ва боиси фахру ифтихори ҳар фарди Ватан мебошад.

Обидов Фозил, профессор,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here