Даҳҳо террористи узви ДИИШ, ки аз аҳли кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Озарбойҷонанду аз Талъафар гурехта буданд, худро ба нерӯҳои курди ироқӣ (пешмаргаҳо) таслим кардаанд.

Манбаъҳои амнияти Ироқ таъкид карданд, ин террористҳо аз шаҳри Ал-Айёзия, дар наздикии Талъафар фирор кардаву худро ба нерӯҳои пешмарга, ки дар шимоли Ал-Айёзия ҳузур доранд, таслим кардаанд.

Ба гуфтаи фармондеҳи амалиёти озодсозии Талъафар Абдуламир Рашид Ёруллоҳ ҳамаи маҳаллаҳои марказии ин шаҳр, ба ҷуз ноҳияи Ал-Айёзия ва рустоҳои атрофи он, озод шудаву нерӯҳои ироқӣ дар ҳоли пешравӣ ба сӯйи ин шаҳр ҳастанд.

Акс аз Parstoday

Добавить комментарий