Дар доираи омодагӣ ба дари интихобии чемпионати ҷаҳон-2022 дастаи мунтахаьи футболи Тоҷикистон зери роҳбарии мураббии бухороӣ Усмон Тошев моҳи декабр дар хориҷи кишвар ба ҷамъомади машқӣ-таълимии дуҳафтаина фаро гирифта мешавад.

Дастаи мунтахаби кишвари мо 4 бозии рафиқона анҷом медиҳад. 9 декабр дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими мунтахаби Яман ба майдон мебарояд. Баъдан мунтахаби кишвари мо ба Маскат сафар карда, дар он ҷо 13 ва 16 декабр бо тими мунтахаби Уммон ду бозӣ анҷом медиҳад. Сафари декабрии мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Манама, бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад. Ин дидор 20 декабр сурат мегирад.  

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозиҳои рафиқонаи дарпешистода сармураббии нави тими олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошеви узбекистонӣ роҳбарӣ мекунад.

Ин мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол таъйин шудааст. Ӯ дастаро ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 омода мекунад.

Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар Тошканд баргузор мешавад, тими олимпии мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон мебошанд.

Усмон Қудратович Тошев 23 сентябри соли 1965 дар Бухоро таваллуд шудааст. Ба ҳайси бозингар дар клубҳои «Зарафшон», «Пахтакор», «Нурафшон» ва «Бухоро»-и Узбекистон бозӣ кардааст. Дар лигаи аввали Руссия футболбози «Атоммаш»-и Волгодонск будааст. Дар клуби маҷористонии «Солнок» ва юнонии «Кератсини» низ майдондорӣ кардааст.

Баъд аз анҷоми карйераи футболбозиаш ба ҳайси мураббӣ кор кардааст. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Бухороро бо ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ хатм кардааст. Аз ноябри соли 2005 дорои литсензияи дараҷаи “Pro” мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here