Дар варзишгоҳи асосии пойтахти Британияи Кабир чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ба анҷом расид, ки дар рӯзи охири он маросими видои варзишгари маъруф Усейн Болт,  ки ҳашт маротиба чемпиони олимпӣ шудааст, бо варзиш ва мухлисон баргузор гардид.

Давандаи маъруф аз Ямайка бо ифтихор як маротиба майдонро давр зад ва бо мухлисон видоъ кард. Кумитаи тадоркуоти ин мусобиқа ва роҳбари Ассотсиатсияи байналхалқии варзиши сабук Себастян Коу ба Болт қисме аз пайроҳаи майдонро, ки ямайкагӣ дар Олимпиадаи соли 2102 дар Лондон дар он се медали тилло ба даст оварда буд, барояш тӯҳфа карданд. Болт дар чемпионати охири ҷаҳон дар давидан ба масофаи 100 метр медали нуқра ба даст овард, дар дави охирин дар фаъолияти худ дар эстафетаи 4х100 метр натавонист, ки муваффақ шавад.

Добавить комментарий