Дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон беш аз 50 нафар намояндаи ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок карданд, беш аз 20 нафарашон бо суолҳо ба раис муроҷиат карда, посух гирифтанд.

Имсол нишасти раиси вилоят дар толори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ Қурбон Ҳакимзода ба суолҳои намояндагони телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Хатлон”, “Кӯлоб”, телевизиони мустақили “Қӯрғонтеппа”, нашрияҳои «Фараж», “Ҷумҳурият”, “Тоҷикистон”, “Азия-плюс”, “Пайк”, “СССР”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, “Минбари халқ” посух дод.

Бештар намояндагони ВАО дар бораи мушкилии дастрасии оби тозаи ошомиданӣ дар деҳоти вилоят, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани баъзе мавзеъҳои таърихӣ, рахнашавии соҳили дарёҳо ва шусташавии заминҳои кишт, напардохтани музди маоши кормандони корхонаи Нуриҳои Осиё, вокуниш надодани аксари мансабдорон ба маводҳои таҳлилию танқидӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят суол карданд.

Раиси вилоят ба 21 нафар собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилоят барои саҳми муносиб дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳои вилоят, тарбияи мутахассисони соҳа, ҳамкории хубу самарабахш бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сипоснома ва дигар туҳфаҳо тақдим кард.

Нишасти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо кормандони ВАО наздики ду соат идома ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here