Як корбари саҳифаи иҷтимоии Фейсбук дирӯз (03.09.2017) дар саҳифаи худ акси қуттии ҷурғотеро гузошт, ки санаи тавлиди он 04.09.2017 буд.

Ин корбар менависад, ки ҷурғотро як рӯз пеш аз истеҳсолаш харидааст. Зоҳиран ин ҷурғот дар фабрикаи шири Душанбе истеҳсол шудааст, ки дар танааш суроғаи кӯчаи Ҷаббор Расулов 34 навишта шудааст.

Корбарон навиштаанд, ки борҳо шоҳиди чунин ҳодиса шудаанд ва ба ақидаи баъзеҳо ин амал барои мӯҳлати бештаре дар савдо мондани маҳсулот дасткорӣ карда мешавад.

То ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ин ҳодиса вокунише нашудааст. 

Добавить комментарий