Тоҷир, узви пешини Шӯрои Федеролӣ аз Чеченистон, Умар Ҷабраилов, ки шаби сешанбе ба чоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар як меҳмонхона дар маркази Маскав тирпарронӣ карду боздошт шуд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт раҳо шудааст.

Расонаҳо менависанд, вай субҳи чоршанбе боздошт шуда, нисбати ӯ тибқи моддаи “Авбошӣ” парванда кушода шудааст.

Умар Ҷабраилов солҳои 2004-2009 Чеченистонро дар Шӯрои Федеролӣ намояндагӣ мекард. Ҳамзамон, ӯ ба сохтмон ва тиҷорати бахши меҳмонхона машғул будааст.

Умар Ҷабраилов дар меҳмонхонаи Four Seasons тирпарронӣ кард, ки дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Сабаби ин тирпарронӣ он будааст, ки ғизои шоми ӯро на пешхидмат, балки корманди дигари меҳмонхона ба утоқаш овардааст.

Добавить комментарий