Ду садамаи марговар боиси ба ҳалокат расидани ду ронанда шудааст, ки сабаби асосӣ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани онҳо будааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Рӯзи 10-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 18:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Бекташев Аҳмадҷон Бердибоевич, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Балхӣ ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Панҷ ба самти шаҳраки Бохтар, дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи Поён” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фрунзеи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Форланд”, таҳти идораи ронанда Қувватов Аъзамҷон Давлатбекович, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Балхӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Бекташев А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, санаи 10-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 17:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулон» Иргашев Комилҷон Ачилович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Қалайхумб-Хоруғ-Қулма” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур, Иргашев К.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here