Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Қудратулло Қурбонов зимни баромад дар як чорабинӣ вобаста ба буҷаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ гуфт: “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти ҷойи корӣ мавҷуд нест, балки мушкили дар андозаи музди меҳнат ва мутобикатии касбияти корҷӯянда аст».

Ба ақидаи ӯ “танҳо дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳуриии Тоҷикистон  кариб 10 ҳазор ҷои кори холӣ аст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад барои ишғоли ин ҷойҳо номзадии худро пешниҳод намояд.”

Дар ҳамин ҳол мутахассиси бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Наргис Урунова мегӯяд “иддаои мазкур то ҷое аз ҳақиқат дур аст, зеро “маълумоте, ки дар сомонаҳои расмии вазорату идораҳо мавҷуд аст, тақрибан коркард намешаванд”. Яъне, эълонҳои ҷойи холии кор, ки аз тарафи мақомот пешниҳод мешаванд, баъди ишғоли ин ҷойҳо аз сомонаҳо гирифта намешаванд. Хонум Урунова ҳамчунин илова кард: “Мушкилоти ҷойи корӣ дар кишвар мавҷуд аст ва ин яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб боқӣ мемонад.”

Добавить комментарий