ҶДММ «Ифтихор ва ширкат» яке аз мизоҷони Бонки Эсхата маҳсуб меёбад, ки таҷрибаи зиёди насби қубурҳои обтаъминкуниро дорад.  Ширкат дар чорчӯбаи лоиҳаи “Климадапт» барои ташкили хати нави дохили фаъолияти худ оид ба истеҳсоли қубурҳо ва маҳсулоти пластикӣ барои объёрикунии қатрагӣ қарз гирифтааст. 

Талаботи зиёди фермер-боғпарваронро ба инобат гирифта, ҳамзамон барои татбиқи супоришҳои раиси вилояти Суғд  оид ба ҷорӣ намудани обёрикунии қатрагӣ ҳамчун роҳи алтернативии обёрии замин, ширкат қарор кардааст, ки истеҳсоли қубурҳо ва маҳсулоти пластикӣ барои обёрикунии қатрагро ба роҳ монад. Зиёда аз 2000 га замин дар шаҳракҳои Сайхуни вилояти Суғд ба ин намуди обёрӣ ниёз доранд.

Ба маблағи қарзи Климадапт, ки аз Бонки Эсхата гирифта шуд, ширкати “Ифтихор ва ширкат” ду мошинаи Термопластавтомат аз истеҳсолкунандаи бузурги Чин HAITIAN оид ба истеҳсоли фитинг, ҳамчунин ашёи хом дастрас намудааст. Рӯзҳои наздик боз як хати истеҳсоли қубурҳои қатрагӣ таҳвил хоҳад шуд.

Айни замон кори сех дар давраи санҷишӣ қарор дорад. Ба кор пурра андохтани истеҳсолот 1 октябри соли 2017 дар назар дошта шудааст.

ҶДММ «Ифтихор ва ширкат»-ро  Пётр Сергеевич Ким сарварӣ дорад. Ширкат яке аз аввалинҳо шуда истеҳсоли эмиттер, фитинг ва қубурҳои қатрагиро ба кор андохтааст.

Добавить комментарий