Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он раиси МММО Маҳмадсаид Убайдуллоев ба қазияи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба куштори як нафар дар Маскав дахл кард.

Убайдуллоев ба фоҷеаи рӯзи 8-уми июн дар ҷануби шарқии шаҳри Маскав рухдода, ки боиси боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон гардидаст, дахл карда, изҳор дошт, ки дилхоҳ ҷиноят бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шавад.

Қазия ин буд, ки як гуруҳ шаҳрвандони тоҷикистонии дар пойтахти Русия будубошдошта, ба ҷурми куштори як варзишгари рус дар даъвои кучагӣ, бо шеваи бад ва берун аз қонун бо нақзи шараф аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар боздошт шуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид дошт, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бевосита машғул буда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here