29 ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия нахуст бо ҳайати парламентӣ дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳ бахшида ба 90-умин солгарди нависанда, файласуф ва дипломати қирғиз Чингиз Айтматов, ки бо ширкати аъзои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қасри Таврический баргузор гардид, иштирок намуд.

Зимни суханронӣ ширкаткунандагон бо ёдоварӣ аз нақш ва мақоми нависанда дар адабиёти қирғиз ва ҷаҳон, изҳор намуданд, ки ӯ дар ҳақиқат фарзанди бузурги халқи Қирғизистон буда, дар осори худ мушкилоти абадии инсониятро, ки имрӯз низ мубрам мебошанд, ошкор ва фарҳанги аслию анъанаҳои мардумии миллати қирғизро ба ҷаҳониён ошно кардааст.

Зикр гардид, ки Намоишгоҳи зебои мазкур барои омӯзиши минбаъдаи мероси созандаи нависандаи бузург ва рушди муколамаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ хизмат хоҳад намуд.

Идома бар он, иштирокчиён аз Намоишгоҳ дидан карданд, ки доир ба экспонатҳои он раиси Шӯрои Ассотсиатсияи байналхалқии хатмкардагон ва дӯстони Академияи илмҳои Федератсияи Россия Андрей Блиок маълумоти бештар ироа дошт.

Дар идомаи сафар Раиси Маҷлиси миллӣ дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иш¬тирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.

Аъзои Шӯрои Ассамблея дар ҷаласа бо баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ нахуст узвияти Парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Эъломияи он аз тарафи Раиси Сенати Олий Маҷлис Нигматилло Юлдошев дар доираи ваколатномаи аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мавсуф додашуда, имзо гардид, тасдиқ намуда, тибқи рӯзнома гузориши Раиси Кумитаи иҷроия, Котиби иҷроияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Лебедев Сергей Николаевичро дар бораи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28 сентябри соли 2018 ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод аз 2 ноябри соли 2018 шуниданд.

Дар ҷаласаи Шӯро Раиси Маҷлиси миллӣ зимни ироаи гузориш оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зикр сохт, ки кишвари мо дар раёсати худ кӯшишҳои зиёдеро баҳри амалишавии нақшаю вазифаҳои дар Консепсияи Роҳбарӣ дар Иттиҳоди зикршуда муқарраргардида ба харҷ дода, зимни ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокчӣ, Кумитаи иҷроия ва сохторҳои марбута ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони хориҷӣ ва адлия, Шӯроҳои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони хадамоти андоз, Шӯро оид ба сайёҳӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони сохторҳои назорати суғуртавӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растаниҳо ва як қатор чорабиниҳои дигари муҳимро баргузор намуд.

Аз самтҳои афзалиятноки давраи раёсати мо, афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, таҳкими фаъолияти якҷояи давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳод дар чаҳорчубаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мутобиқсозии Иттиҳод ба воқеияти замони муосир, таҷдиди Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масъалаҳои инкишофи бисёрҷонибаи муносибатҳои иқтисодӣ фаъолияти судмандро ба сомон расонид.

Ҳамзамон, дар самти иҷрои тадбирҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи давраи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (то соли 2020) ва низомномаи Шартнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ идома ёфта, диққати махсус ба омодасозии лоиҳаи Созишнома дар бораи тиҷорати озод тариқи хизматрасониҳо равона карда шуд.

Гузашта аз ин, бо иштироки фаъоли давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим омода гардида, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ равона карда шуданд, ки дар миёни онҳо — Консепсияи ҳамкорӣ дар самти рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешрафтаи энергетикӣ, Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои дастгоҳҳои электронӣ ва электротехногенӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо моҳи июни соли равон дар Душанбе қабулгардида мебошад.

 Дар давраи раёсати Тоҷикистон аз ҷониби кишвари мо таваҷҷуҳи бештар ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба ҳамгироии мутақобила ҳангоми ҳолатҳои фавқулода таваҷҷуҳи назаррас равона гардида, татбиқи санадҳои қаблан дар ин самтҳо қабулгардида — Барномаи байнидавлатӣ оид ба тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (солҳои 2014-2018), барномаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизм (солҳои 2017-2019) ва бар зидди тиҷорати одамон (солҳои 2014-2018), инчунин оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки тавассути технологияҳои иттилоотӣ анҷом дода мешаванд (солҳои 2016-2020) фаъолияти самаронокро амалӣ намуд.

Дар ин ҷода, нақши қарорҳои дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе қабулгардида нисбати татбиқи Барномаи панҷсолаи байнидавлатӣ оид ба тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (солҳои 2019-2023) ва вобаста ба Созишномаи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ махсус қайд гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки дар давраи раёсат дар бахши ҳамкориҳои фарҳангӣ – гуманитарӣ диққати махсус ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ равона шуда, якҷоя бо давлатҳои аъзои Иттиҳод бастаи ҳуҷҷатҳо омода ва қарорҳо дар самти инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои гуманитарӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Ин Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокдори ИДМ (солҳои 2019-2020) ва Қарор дар бораи татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2021 дар шаҳри Душанбе ва як зумра ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Қарорҳо дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар бораи дар Иттиҳод эълон намудани соли 2021 Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ муҳим ба шумор мераванд қабул гардиданд, ки санадҳои қабулшуда ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар доираи Иттиҳод такони тоза бахшида, далели густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманд байни кишварҳоямон мегарданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ изҳори боварӣ намуд, ки парламентҳои кишварҳои Иттиҳод кӯшишҳои бештаре барои амалисозии қарорҳои аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ ба сомон расондаро дар сатҳи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба харҷ медиҳанд.

Дар идома, аъзои Шӯро тибқи рӯзнома мавзуъҳои марбут ба мониторинги интихоботҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, хусусан иштироки нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мониторинги интихоботи ғайринавбатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, инчунин омодагиҳо ба мониторинги ҷараёни интихоботҳои доиршаванда ба мақомоти давлатии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасӣ намуда, роҷеъ ба ҳар кадоме қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ширкаткунандагони ҷаласа, дар идома, масъалаҳоро оид ба натиҷаи Форуми дуюми занони Авруосиё, омодагӣ ба баргузории Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», ҳамкории Ассамблеяи Баайнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Шӯрои экспертии иқтисодӣ дар назди Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Форуми фарҳангӣ – маърифатии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Кӯдакони  Иттиҳод”,  изҳороти Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои дастгирии тасвиби Протокол оид ба рафъи тиҷорати ғайриқонунии маҳсулоти тамоку дар доираи Конвенсияи созмони мазкур оид ба мубориза бар зидди тамоку, тасдиқи раисони кумитаҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

 Тибқи қарорҳои марбута Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода Раиси Кумитаи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Фақеров Ҳамидулохон Нуриддинович узви Шӯрои экспертии иқтисодӣ дар назди Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ гардиданд.

Илова бар он, аъзои Шӯрои Ассамблея масъалаҳои ташкилӣ ва нақшаи кори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои соли 2019 муҳокима ва ҷонибдорӣ намуда, бобати маблағгузории фаъолияти Ассамблея, тақдими Ҷоизаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов дар соли 2018 ва ворид намудани тағйирот ба Нақшаи пешбинигардидаи меъёри қабулнамудаи қонунгузорӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2016-2020 қарор қабул намуданд.

Дар идома, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосияи чилуҳаштуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиходи Давлатҳои Мустқил, ки таҳти садорати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор гардид, ширкат варзид, ки дар он 11 санад, аз ҷумла қонунҳои модели «Дар бораи ҳифзи оташфишонии ихтиёрӣ», «Дар бораи маълумоти шахсӣ», «Дар бораи сайёҳии кӯдакон ва наврасон», Дастури моделӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, тавсияҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим, ташаккули сиёсати экологӣ, таҳия ва татбиқи воситаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардиданд.

Зимни суханронӣ Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко таъкид дошт, ки дар давраи фаъолияти Ассамблея 546 қонунҳои моделӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа маросими мукофотсупорӣ доир гардида, шоир ва нависандаи қазоқ Олҷасу Сулаймонов “барои саҳмгузорӣ дар рушди адабиёт, наздиксозии фарҳангҳо, таҳкими сулҳ ва дӯстӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустқил” бо Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардонида шуд.

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаҳои ҷамъбастгардида сарони парламентҳои давлатҳои узви Ассамблея бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқоти якҷоя анҷом дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки кишвари мо онро бо омодагӣ ва дар сатҳи баланд ба анҷом расонд, изҳор дошт, ки дар ин муддат дар умум зимни ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокчӣ, Кумитаи иҷроия ва дигар сохторҳо соҳавии Иттиҳод бештар аз 100 чорабинии аҳамиятнок, аз ҷумла 37 ҷаласаҳои шӯрои соҳавӣ гузаронида шуд ва нишондиҳандаҳои мазкур гувоҳӣ онанд, ки Тоҷикистон дар соли раисии худ қисми муҳими корҳоро дар Иттиҳод ба анҷом расонда, бо иштироки фаъоли ҳамаи кишварҳои Иттиҳод қисми зиёди ҳуҷҷатҳои муҳимро барои ҳамкориҳои оянда дар чорчӯбаи Иттиҳод омода ва қабул намуданд.

30 ноябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмасаид Убайдуллоев дар Конференсияи байналмилалии 150-солагии Эъломияи Санкт-Петербург «Оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», ки таҳти садорати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ва Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here