20 ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаю ташаббусҳои созандаи сарварони давлатҳо муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз пеш тавсеа, тақвият, таҳким ва рушд намуда, баҳри пешрафти пайвастаи соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон дар таъмини шароити зиндагии арзандаи шарҳрвандонамон  саҳми беназир мегузоранд. 

Нурдинҷон Исмоилов дар навбати худ бо қаноатмандӣ аз барқарор гардидани муносиботи неки ҳамҷаворӣ, аз дастовардҳои Тоҷикистон, бахусус дар бахши гидроэнергетика ва ба истифодадиҳии нахустин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки ба манфиати минтақа ва дар навбати аввал ҳамсоякишварҳо садсолаҳо хизмати судовар хоҳад расонд, ёдовар шуда,  барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо бо истифода аз дипломатияи парламентӣ омодагии худро баҳри истифодаи самараноки он дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ зикр намуданд.

Таъкид гардид, ки сафари ҳайатҳои парлумонии ҳарду кишвар дар оянда идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷанба нақши муассир хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here