Даври навбатии омӯзишӣ вобаста ба “Буҷаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ: сохтор ва низоми идоракунии он” бо иштироки намояндагони ВАО-и давлатию мустаъқили минтақавӣ ва блогерҳо  баргузор гардид.

Тренинги мазкур аз 29-уми октябр то 2-юми ноябр давом карда он дар доираи лоиҳаи “Дастгирии ислоҳоти  соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) амалӣ мегардад. Омӯзишҳо ба хабарнигорон имкон медиҳад, ки дониши иқтисодии худро васеъ намуда, дар инъикоси мавзъҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ донишу малакаи нав пайдо намоянд ва ҳамзамон бо истифодда аз технологияҳои замонавӣ маълумоти мураккаби молиявиро соддаву датрас матраъ намоянд.

Ҳамчунин, интизор меравад, иштирокчиёни тренинг дар доираи омӯзишҳо маводи худро вобаста ба “Буҷаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ” дар шакли DATA журналистика омода намудуда дар сомонаи khoma.tj/datajournalism нашр хоҳанд кард.

Добавить комментарий