Трамп ба Ироқ таҳдид кард, ки агар Бағдод «душманона рафтор кунад», дучори таҳримот хоҳад шуд, вай ҳамчунин гуфт, ки агар Эрон даст ба коре занад, 52 объекти ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд гирифт. Президенти ИМА, инчунин, гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ Ироқро тарк нахоҳанд кард, то вақте ки Бағдод ба Вашингтон барои пойгоҳи ҳавоии ИМА пул пардохт накунад.

Агар Ироқ ба ҷониби Амрико душманӣ нишон диҳад, мақомоти Иёлоти Муттаҳида алайҳи ин кишвар таҳримот ҷорӣ хоҳанд кард. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми парвозаш аз Флорида ба Вашингтон ба рӯзноманигорон изҳор кардааст.

«Агар ягон душманӣ вуҷуд дошта бошад ва онҳо коре кунанд, ки барои мо ғайри қобили қабул бошад, мо таҳримотро алайҳи Ироқ ҷорӣ мекунем, таҳримҳои хеле назаррас», — гуфт маркази матбуоти Кохи Сафед аз Трамп иқтибос оварда.

Гуфта мешавад, ки таҳримот хеле ҷиддӣ хоҳанд буд, ки таҳримҳои Эрон дар муқоиса бо он «дилгиркунанда» ба назар хоҳанд расид.

Ҳамзамон, Трамп таъкид кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ Ироқро тарк нахоҳанд кард, то Бағдод ба Вашингтон барои пойгоҳи ҳавоии ИМА, ки дар ин кишвар мустақар аст, пул пардохт накунад. “Мо дар он ҷо пойгоҳи гаронарзише дорем. Сохтмони он миллиардҳо доллар арзиш дорад. Мо онро тарк нахоҳем кард, то он даме ки онҳо ба мо пул диҳанд», — гуфт президенти ИМА.

Доналд Трамп рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки агар Теҳрон бар зидди амрикоиҳо ё объектҳои амрикоӣ ҳамла кунад, омода аст ба объектҳои Эрон зарба занад, хабар медиҳад Интерфакс.

«Мо 52 объекти эрониро интихоб кардем, ки рамзи 52 гаравгони чандин сол қабл гирифтаи Эрон аст», — навиштааст Трамп дар Твиттер.

Ба гуфтаи Трамп, «баъзе иншооти интихобшуда сатҳи хеле баланд доранд ва барои фарҳанги Эрон ва Эрон муҳиманд».

«Иёлоти Муттаҳида танҳо барои таҷҳизоти низомӣ 2 триллион доллар сарф кардааст. … Агар Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ ё ягон амрикоӣ ҳамла кунад, мо баъзе аз ин аслиҳаи комил ва олии аълосифатро ба самти онҳо мефиристем», — гуфтааст президент.

Ин ҳушдор ҷавоб ба таҳдиди Эрон аст, ки Теҳрон дар посух ба куштори сарлашкари эронӣ Қосим Сулаймонӣ ба Амрико кард. Ба гуфти эрониҳо, Сулаймонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Бағдод аз сӯи амрикоиҳо террор шуд.

Ба гуфтаи Трамп, ин генерал барои марги бисёр одамон, аз ҷумла амрикоиҳо масъул аст. «Вай дар ҷараёни ҳамлаҳо ба сафорати мо буд (дар Ироқ) ва дар дигар ҷойҳо ҳамлаҳо омода мекард», — гуфтааст Трамп.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here