Беэҳтиётӣ ва беназорат гузоштани кӯдакон боиси ба ҳодисаҳои ногувор рӯ ба рӯ шудани онҳо мегардад. Ҳамчунин, беназорат гузоштани техника низ боиси сар задани ҳодисаҳои мудҳиш мешавад.

3-юми октябри соли 2018 Ташрифов Илҳом Шарофуддинович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб трактори тамғаи “Т-40”-ро дар нишебие дар деҳаи   Пушёни поёни ноҳияи Восеъ бе назорат гузоштааст. Тахминан соати 18:30, хурдсол Ҳамроев Муҳаммадҷон Нуриддинович, соли таваллудаш 2011, хонандаи синфи 1-уми МТМУ-и деҳаи Пушёни поён вориди трактор шуда, педали муфтро зер кардааст, ки дар натиҷа трактор ба ҳаракат даромадааст. Дар ин ҳангом дар қисмати пеши роҳи трактор хурдсол Ҳамроева Осино Нуриддиновна, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамин деҳа қарор доштааст, ки саргарми бозӣ будааст. Осино бехабар аз ҳаракат кардани трактор дар зери он мондаастю Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш хурдсол Ҳамроева О.Н ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here