Тавре директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамагӣ 610 тонна маҳсулоти хӯроквории пастсифат аз муомилот пешгирӣ карда шудааст.

— Соли 2019 аз Ҷумҳурии Чин ягон килограм маҳсулоти хӯрокворӣ ворид нагардидааст, бо назардошти эҳтимолияти паҳн шудани коронавирус воридоти маҳсулоти чинӣ манъ шуд, — гуфт номбурда.

— Воридоти бозичаҳои бачагона 115 тона кам гардидааст, — қайд кард директори Тоҷикстандарт дар хусуси маҳсулоти воридивазкунанда. — Соли 2018-ум 265 тонна бозича ворид шуда буд, ки феълан корхонаи истеҳсоли бозичаҳо  воқеъ дар вилояти Суғд маҳсулоти воридивазкунандаро истеҳсол кардааст.

Гуфта шуд, ки дар робита ба нодуруст баромадани натиҷаҳои ташхис дар муссисаҳои тиббӣ аз ҷониби Агентӣ семинарҳои омӯзишӣ роҳандозӣ мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here