Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо интишори эълоне хабар доааст, ки муҳоҷирони тоҷики дар Олмон бандмонда ба ватан оварда мешаванд.

— Имрӯз, 1-уми май, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр ” ба Олмон парвоз анҷом дода, дар роҳи бозгашт аз фурӯдгоҳи Франкфурт ба Тоҷикистон меояд, — омадааст дар иттилоияи сафорат. – Дар робита ба ин, аз нафароне, ки ба Тоҷикистон хоҳиши баргаштан доранд, ба таври фаврӣ худи ҳамин рӯз, яъне 1-уми май соати 11:00-и субҳ, ба фурӯдгоҳи Франкфурт оянд.

Ба эҳтимоли беш шояд намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ бо ҳамин ҳавопаймо ба Тоҷикистон оянд. Ҳавопаймо соати 12-и шаб вориди пойтахти кишвар Душанбе хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here