Нархгузории нисбатан баланд дар бозор, сифати пасти маҳсулот, аз байн рафтани баъзе бахшҳо дар сохтори соҳа, ки замони шӯравӣ фаъолият доштанд ва муносибати дағалонаи фурӯшандагони нуқтаҳои савдои «Тоҷикматлубот» меҳвари асосии суолу ҷавоби рӯзноманигорон бо роҳбарияти ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ буд.

Муовини сардори Иттифоқи Тоҷикматлуботи Тоҷикистон Хуршед Сангаков имрӯз, 5-уми феврал, ба хабарнигорон гуфт, «эрод чизи хуб аст, аммо он дар ҳақиқат бояд асос дошта бошад».

— Мо дар доираи имконият фаъолият дорем. Аз замони шӯравӣ на танҳо дар сохтори Тоҷикматлубот, балки дар дигар сохторҳо ҳам чизе намондааст. Вазорати кишоварзӣ ҳам сохторҳои худашро дошт, ки таъмин мекарданд, вале бисёрашон аз байн рафтаанд. Шукрона мекунем, ки ҳамин соҳа мондааст. Ин соҳа қариб 8-10 ҳазор нафарро, ба ғайр он соҳибкороне, ки фаъолият мекунанд, нон медиҳад. Ҳама имкониятҳо вобаста ба маблағ аст. Маблағ бошад, метавонем бозорҳо ва ё марказҳои хизматрасонии дигар кушоем ва сатҳи сифати онро хубтар кунем, — гуфт Сангаков.

Номбурда ҳамчунин гуфт, аз як тарзи фаъолият ба тарзи дигар гузаштан тақозои замона аст: «Ҳама чизро ба тарзи реалӣ баҳо додан даркор аст».

— Дар самти баланд будани нархи маҳсулоти «Тоҷикматлубот» назар ба бозор бо шумо розӣ шуда наметавонам. Имсол танҳо нархи ду се намуди маҳсулот боло рафта, нисбат ба соли 2017 хеле хуб ҳастанд. Нархҳои мо дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон хеле поёнанд, — иброз дошт Хуршед Сангаков.

Нигаронии рӯзноманигорон аз он буд, ки нархи маҳсулот дар мошинҳои «Тоҷикматлубот» назар ба бозор баланд аст. Бино ба гуфтаи яке аз рӯзноманигорон, дар бозори хусусии «Балеҷавон»-и шаҳри Душанбе аз чунин нуқтаи фурӯши маҳсулоти «Тоҷикматлубот», ки берун аз бозор мавҷуд будааст, пиёзу картошка харидорӣ кардааст, вале чун дар дохили бозор нархи нисбатан пастро мушоҳида кардааст, зуд маҳсулоти харидаашро баргардонидааст, зеро нархи маҳсулоти харидааш 20-30 дирам сари ҳар килограмм фарқ доштааст.

Раёсати «Тоҷикматлубот» мегӯяд, дар назди бозорҳои шаҳри Душанбе 10 адад нуқтаи савдо доранд ва дар кутоҳтарин муҳлат ба чунин масъалаҳо расидагӣ хоҳанд кард.

Пешниҳод шуд, ки барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо миёни ҷомеа «Тоҷикматлубот» дар нуқтаҳои савдояш телефони боварӣ насб намояд, то ҳар нофаҳмиҳои пешомада дар ҷояш сари вақт ҳал гардад.

Добавить комментарий