Иттифоқи “Тоҷикматлубот” сабаби гарон шудани нархи тарбуз ва харбуза дар бозорҳои Тоҷикистонро ба гармӣ рабт медиҳад.

Ин гуфтаҳо аз ҷониби муовини якуми раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Раҳмонзода Хуршед  зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигор, ки “Чаро нархи тарбуз ва харбуза яку якбора баланд шуд?” садо дод.

Раҳмонзода иброз намуд, ки, сабаби гарон шудани нархи тарбуз ва харбуза ин боло рафтани ҳарорати ҳаво дар фасли тобистони имсола мебошад.

Ҳамчунин ӯ гуфтаи он ки гӯё тарбузҳои Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол меёбад, рад намуда гуфт ки дар нимсолаи аввали соли равон онҳо ба хориҷа мол содир накардаанд.

Комрони Аслон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here