Сафири нави Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк 22-юми январ дар Рӯзи ягонагии Украина, ки аз эълони он то имрӯз 100 сол пур шуд, бо рӯзноманигорони расонаҳои ҳукуматию мустақили кишвар нишасти матбуотӣ доир кард.

Рӯзи ягонагии Украина иди давлатӣ аст, ки аз соли 1919 инҷониб ҳамасола 22-юми январ дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад. То сад соли пеш кишвари Украина ба ду давлати алоҳида — ҷумҳурии халқии Украина ва ҷумҳурии халқии Украинаи ғарбӣ ҷудо мешуд.

Сафири Украина дар Тоҷикистон ҷаноби Серватюк гуфт, ӯ сӣ сол қабл, замоне ки дар сафи қушунҳои Иттиҳоди шуравӣ дар Афғонистон хизмат мекард, аз Тоҷикистон дидан карда буд ва то имрӯз тағйироти куллиро дар симои кишвар дидааст.

Сафир вобаста ба рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Украина дар самти сиёсат, тиҷорату иқтисодиёт, фарҳангу маориф ва сайёҳӣ суҳбат кард.

Ҷаноби Серватюк қайд кард, ки 4-уми феврали соли равон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Украина дар назар аст. 3-юм ва 4-уми март Ҷаласаи 5-уми комиссияи доимоамалкунандаи тиҷоратию иқтисодӣ баргузор хоҳад шуд, ки сатҳи муносиботи мутақобилаи имрӯзаи ду давлатро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои муваффақи якҷоя таҳлил хоҳад шуд.

Гуфта шуд, Тоҷикистон ва Украина дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондаанд ва гардиши мол дар соли 2019 миёни кишварҳо беш аз 37 миллион доллари амрикоиро ташкил кардааст.

Сафир воридоти маҳсулоти аз ҷиҳати экологии тозаи Тоҷикистонро ба бозорҳои Украина мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, тарафҳо дар назар доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи маориф ва туризм низ дар сатҳи олӣ ба роҳ монанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here