Дар пешорӯйи сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ‒ раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон мавзӯи дубора барқарор шудани равобит миёни ду кишвари ҳамзабон бар сари забонҳо афтод. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 15-уми июн ба Тоҷикистон омад ва дар пайи ин сафар марҳалаи нави равобити ду кишвар оғоз шуд.

Сардии равобити миёни Тоҷикистону Эрон дар поёни соли 2015 шурӯъ шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз даъвати Муҳиддин Кабирӣ ‒ раиси ҳизби мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ба Конфаронси байнулмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон ибрози норизоият карданд. Дар идома воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз Эрон ба Душанбе манъ карда шуд. Баъдтар Тоҷикистон аз додани раводид ба шаҳрвандони эронӣ дар фурудгоҳи Душанбе даст кашид ва намояндагии Кумитаи хайрияи имдоди Хумайнӣ, бемористони Ҳилоли Аҳмар ва дигар муассисаҳои фарҳангиву тиҷоратиии Эронаро дар кишвар баст.

Сайфуллоҳ Сафаров ‒ муовини пешини Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ин робита гуфта буд: «Ин кори дохилии худи Эрон аст, ин аз мавқеи худи Эрон вобаста аст, лекин ин масъалаест, ки ба сиёсати мо ҳам дахл дорад. Ва мо ҳеч гоҳ розӣ намешавем, ки ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз тарафи Эрон пуштибонӣ карда шавад».

Гуфтугӯии мустақими миёни Душанбе ва Теҳрон пас аз сафари вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддини Меҳриддин дар оғози моҳи ҷорӣ ба Эрон оғоз шуд.

Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси масоли минтақа дар иртибот ба дурнамои густариши равобит миёни ду кишвар мегуяд: «Барқарор кардани равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон зарурати муҳимми ин ду кишвар аст. Ду давлату мардуми бо ин ҳама решапайванди ногусатанӣ чун: забон, фарҳанг, таърих, дину ойин наметавонанд дар инзивои ҳам қарор дошта бошанд». Ӯ афзуд: «Мардуме, ки дар ин ду кишвар зиндагӣ мекунанд, он қадар ба ҳам иртибот доранд, он қадар ба ҳам муҳаббат доранд, ки онҳоро намешавад аз ҳам ҷудо кард. Он чизе ки дар ин чанд соли охир сар зад, яъне сард шудани равобит, як чизи маснуӣ буд, ки аз тарафи гурӯҳҳои хоси байнулмилалӣ ба миён андохта шуд, вале, бовар дорем, ки ҳамаи ин сардиҳо бо сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон аз байн меравад ва равобити пешинаи ҳасана, равобити хуб миёни ҳарду кишвар барқарор хоҳад шуд».

Густариши равобити Тоҷикистон бо Эрон метавонад дар афзоиши нуфузи геополитикии ду кишвар таъсири мусбат дошта бошад.

Ба ақидаи сиёсатшинос Акмал Давлатшоев, Тоҷикистон тули 70 соли тобеияташ аз Иттиҳоди Шуравӣ сиёсат ва фарҳанги муштараки шӯрависозии 15 кишвари узви он, бавижа кишвари Русияро ба паймонае таҷриба кардааст, ки хелеҳо дар ин сарзамин худро тобеъ ва фармонбардори рус медонанд. Аз сӯйи дигар, ин сиёсатшинос мегӯяд, дар миёни ин ҳама талошу чолишҳои бузургманишӣ, ки дар минтақа вуҷуд дорад, Тоҷикистон ба унвони ягона кишвари форсизабон дар ин иттиҳод метавонад пуле бошад миёни Эрон ва Кишварҳои муштаракулманофеъ.

Ба ақидаи Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, ходими Маркази омӯзиши Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон, президенти Эрон Руҳонӣ бештар ба равобит бо кишварҳои абарқудрат ва мушкилоти ҳастаиаш мутамарказ, шуд ки дар ин миён равобиташ бо ҳамсоякишварҳо заиф шуд. Дар ҳоле ки Эрон метавонад тариқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи абрешим пайваста, ба Чин ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ роҳ пайдо кунад. «Афғонистон ва Тоҷикистон метавонад дар атрофи Эрон бошанд ва дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба он мусоидат ва ҳамкорӣ кунанд».

Мавзӯи сафари президенти Эрон ва умеди барқарории равобиташ бо Тоҷикисон хеле аз мардуми кишвариморо, аз сиёсатмадор то шоиру тоҷиру кишоварз рӯҳбаланд кардааст.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини пешини Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд: “Амнияти мо амнияти Эрон аст, амнияти Эронро мо чун амнияти худамон эҳсос мекунем”. Ӯ бо шавқ илова кард, ки “Ҳамаи решаҳои фарҳангии мо, ки он ҷо аст: бойгариҳо, арзишҳо, забон, шеър, марқади бузургонамон Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Хайём, Саъдиву Ҳофиз ва даҳҳо тани дигар. Ба ёди онҳо дили мо метапад ва ташнаи дидори Эрон ҳастем”.

Бовар дорам, ки рӯйи гарми ҳамзабониву ҳамтаборӣ, ҳамсоягиву ҳамфарҳангӣ гардани танишҳоро мешиканад.

Дӯстонро дур будан нест қатъи иртибот,

Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност.

Шаҳноз Комилзода

Добавить комментарий