Чанде боз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ постеро ҳисса мекунанд, ки “гӯё дар Чин гени гӯсфандро бо хук тавъам карда бошанд. Гӯшти аз ин зот ҳосилшуда дар кишварҳои Осиёи Миёна роҳ ёфтаанд, ки аллакай коргоҳҳои ҳасиббарорӣ ба он рӯ овардаанд. Истеъмоли ин навъи гӯшт гени одамро вайрон мекардааст”. Ин навъи маҳсулот сарҳади  Тоҷикистонро  низ убур карда бошад?  

Фурӯшандаи ширкати маъруфи “Файзи Расул”, ки аз зикри ном худдорӣ кард, зимни суҳбат гуфт, зиёда аз 30-40 намуд номгӯйӣ маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол мекунанд ва  ҳамаи онҳо аз гӯшти хушсифати чорвои маҳаллӣ таркиб ёфтааст.

Фурӯшандаи маҳуслоати “Кабири Хуҷанд”, ки яке аз ширкати ҳасиббарории муваффақ маҳсуб меёбад ва дар бозори Садбарг нуқтаи фурӯш низ дорад, қайд кард, ки сокинон ба маҳсулоти гӯшти гӯсфандӣ он қадар хуш надоранд, фишору қанд барин бемориҳо сабаби парҳез аз ин навъи маҳсулот мегардад.

— Дар яхдонҳои мо фақат 1 намуд ҳасиб бо гӯшти гӯсфандӣ аст, ки таркиби он аз чорвои хушзоти маҳаллист, сертификат ва дигар нишондиҳандаҳо ин чизро кафолат медиҳанд, — гуфт фурӯшандаи ширкати “Кабири Хуҷанд”.

Чанд тан фурӯшандаҳои  супермаркети “Ёвар”, ки нуқтаи калони фурӯши гӯштро дорад, гуфтанд, ки вақтҳои охир харидорон ба сифати маҳсулот диққати беш медиҳанд ва фурӯши маҳсулоти аз хориҷ воридгардида  имконнопазир аст.

Вазъ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон гӯшти навбаромади чинӣ то ҳол наомадааст, чунки то ҳол марбут ба ин масъала аз ягон ҷониб шикояте нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here