Тоҷикистон аз нигоҳи баробарии гендерӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

Дар байни кишварҳои ИДМ дар робита бо баробарии гендерии мардон ва занон ҷойи сеюмро ишғол кардааст. Дар ин бора дар таҳқиқоти омӯзишии Бонки ҷаҳонӣ бо номи «Занон, тиҷорат ва қонун: Ислоҳоти даҳсола» қайд шудааст.

Дар байни кишварҳои ИДМ дар тадқиқот Молдова бо гирифтани 84,38 хол дар ҷойи аввал,  Арманистон бо 83,13 дар ҷойи дуюм ва Тоҷикистон бо гирифтани 81,88 хол дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд. Украина, Белорус ва Озарбойҷон 78,75 хол, Қирғизистон — 76,88 хол, Қазоқистон — 75,63 ва Ӯзбекистон — 70.63 холро соҳиб шудаанд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

Дар соли 2016 Тоҷикистон аз зинаи 144-ум то ба зинаи 93-юм дар сатҳи умумии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои баробарии мардону занон қарор гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here