Шурӯъ аз моҳи июни соли 2018-ум фаъолияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дубора барқарор шудааст ва дар давоми соли 2019-ум 4 филми ҳунарӣ, 2 филми кӯтоҳмулддат, 6 филми мустанад, 2 филми тасвириӣ ба навор гирифта, пешкаши тамошобинон кардааст. 

— Феълан, дар муассиса нарасидани кадрҳои баландихтисос, камбуди техникаҳои замонвавӣ эҳсос мешавад, — мегӯяд сармуҳаррири “Тоҷикфилм” Назар Назарав. — Дар робита ба ин бо дастгирии ҳукумат барномаи “Рушди кинои тоҷик дар солҳои 2018-2022”  рӯйи кор омад, ки дар асоси он заминаҳои моддиву техникии муассиса мустаҳкам хоҳад шуд.

Ба гуфти сармуҳаррир бештари сенарияҳое, ки ба муассиса пешниҳод мешаванд, ба меъёрҳои муқаррагардида ҷавобгӯ нестанд, аз лиҳози сохтор, бандубаст ва мӯҳтаво ниҳоят харобанд. Дар ин самт муассиса бо  нависандагон  ва муассисаҳои  эҷодӣ ҳамкорӣ ба роҳ мемонад, то сенарияҳои баландмазмун  эҷод шавад.

— Камбудии асосӣ дар ҷумҳурӣ фаъол набудани кинотеатрҳо арзёбӣ мешавад, лекин имрӯз филмҳои тозаэҷоди “Тоҷикфилм”  бо номи “Рақси зиндагӣ” дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар ҳавои озод  ба намоиш гузошта шудааст. Ҳоҷат ба нақлиёти сайёри замони шӯравӣ ҳам намондааст, алҳол дар манотиқи дурдаст “Тоҷикфилм” имкон дорад, ки бо техникаҳои муосир дар ҳавои озод  намоиши филмҳоро ба роҳ монад, – илова кард сармуҳаррир.

Дар соли 2020 “Тоҷикфилм” барои таҳияи филмномаҳои филми таърихӣ ва филмномаи филми мустанади 30 соли Истиқлолият озмун эълон  мекунад, ки рӯзҳои наздик муассиса аз ин иқдоми ҷадидаш расман дарак хоҳад дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here