Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев дар даври нимфинали мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар Банғола ҷараён дорад, бар дастаи Филиппин пирӯз шуд.

Дар бозии даври аввали гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал пирӯз шуд (2:0) ва аз дастаи Фаластин мағлуб гардид (0:2). Бо ба даст овардани 3 имтиёз дастаи кишвари мо ба даври нимфинал роҳ ёфт ва имрӯз, 9-уми октябр, бо пешсафи гуруҳи дигар дастаи Филиппин майдондорӣ кард. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба охир расид. Голҳоро дар дақиқаи 32-юм Комрон Турсунов ва дар дақиқаи 97-ум (ба бозӣ 12 дақиқа илова карда шуд) Аҳтам Назаров заданд. Баъди ин пирӯзӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба финали Ҷоми тиллоии Бангабанду роҳ ёфт. Дар финали ин мусобиқа футболбозони мо бо ғолиби вохӯрии нимфинали дигар — ҷуфти Банғола ва Фаластин рақобат мекунанд.

Мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup»

Филиппин – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Комрон Турсунов 32, Аҳтам Назаров 90+7.

Добавить комментарий