Шоми 6-декабри соли 2019 тобути Раҷабмо ва се фарзандаш Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад, ки  рӯзи 31-уми декабри соли 2018,  дар таркиши  бинои 10 ошёна, дар шаҳри Магнитагорски Русия  зери харобаҳо монда буданд,  ба ватан интиқол дода шуданд.

Тобути ин модар ва сефарзандашро Маҳмадшоҳ — падари Шуҳрат ва тағои онҳо Бахтиёр аз шаҳри Екатеренбург тариқи ҳавопаймои Сомон Эйр ба Душанбе оварданд. Барои интиқоли тобутҳои Раҷабмо ва се фарзандаш Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад аз тарафи ҳукумати кишвар махсус нақлиёт фиристода шуда буд, ки тобутҳоро аз Фурудгоҳи Душанбе ба зодгоҳашон деҳаи Малик Гиёеви ноҳияи  Кушониёни вилояти Хатлон оварда шуданд.

Ҷанозаи  Раҷабмо ва се фарзандаш Аҳмад, Фотима ва Муҳаммад соати имрӯз соати 10 дар маҳали зисташон гузаронида шуда, сипас онҳоро дар қабристони назди манзили зисташон ба хок месупоранд.

Маҳмадшоҳ падари Шуҳрат, зимни як суҳбат гуфт, писараш, ки аз зери харобаҳо бинои таркидаи шаҳри Магнитагорск зинда бароварда шуд, ҳоло дар як беморхонаи вилояти Челиябенс бистарӣ мебошад. Ба гуфти ӯ вазъи фарзандаш баъди ҷарроҳӣ дар беморхонаи ин вилоят хуб шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here