“Масъуд дар набарди истихборотӣ” – китоби Раззоқи Момун, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи Афғонистон бо ибтикори Бунёди Шаҳид Масъуд дар Душанбе ба чоп расид.

Ин таърихи муборизаҳои истихборотии Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон бо хадамоти ҷосусии Иттиҳоди Шӯравӣ (Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) ва Раёсати иктишофи давлатӣ (ГРУ)) , Покистон (Созмони иттилоотии Покистон (ISI), режими коммунистии Кобул (ХОД), ҳамчунин Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр, Толибон ва “Ал – қоида” аст, ки дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи Толибону терроризми байнулмилалӣ иттифоқ афтода, нубуғи ӯ дар ҷангҳои махфиро ба намоиш мегузорад. Алайҳи “Шери Панҷшер” беш аз 600 барномаи террор тарҳрезӣ шуда буд, ки ӯ бо маҳорат ва истеъдоди вижа онҳоро ба соддагӣ радёбӣ кард ва ҷон ба саломат бурд, ба истиснои як амалиёти террористӣ, ки 9 сентябри соли 2001 ба зиндагии ӯ хотима бахшид.

Китоб аз сӯи ҳафтаномаи “Самак” –и Маркази таҳқиқоти Тоҷикистон аз хати форсӣ ба сириллик баргардон шуда, сармоягузории онро Аҳмад Валӣ Масъуд, раиси Бунёди шаҳид Масъуд анҷом додааст. “Масъуд дар набарди истихборотӣ” ҳарчанд бо хати форсӣ навишта шудааст, ҷое нашр нашуда ва аввалин бор дар Тоҷикистон ба хати сириллик чоп мешавад ва барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст. Раззоқи Момун, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики Афғонистон, 27 декабри соли 1964 дар шаҳри Кобул таваллуд шудааст. Дар синни 16 – солагӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мухолифин 8 соли умри худро дар зиндони режими коммунистии Кобул гузарондааст. Аз соли 1991 то 1994 сармуҳаррири ҳафтаномаи “Кобул” буд, ки аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд сармоягузорӣ мешуд. Дар бахши форсии BBC ва Радиои “Озодӣ” дар Кобул кор кардааст. Муҷрии “Гуфтумон” – як барномаи маъруф дар телевизиони “Тулуъ” ва аз соли 2006 то 2007 сардабири ҳафтаномаи “Паймон” буд. Муаллифи китобҳои “Асри худкушӣ”, “Хотироти соҳибхона”, “Ҳаққи подшоҳӣ”, “Дастнависҳои марди кобулӣ”, “Ёддоштҳои сиёсӣ”, “Аҳмад Зоҳир чӣ гуна террор шуд?”, “Вақоеи иттифоқия”, “Технократҳои мусаллаҳ”, “Нигоҳи махфӣ”, “Рози хобида: Асрори марги Доктор Наҷибуллоҳ”, “Рози хобида – 2: Муаммои марги Форуқ Яъқубӣ”, “Бозии бохташуда”, “Бабрҳои меҳрубон”, намоишномаҳои “Афшини Истаравшан”, “Абдухолиқ”, “Зилзила” ва ғайра мебошад.

Дар Тоҷикистон аз китобҳои Раззоқи Момун “Аҳмад Зоҳир чӣ гуна террор шуд?” (ҳафтаномаи “Фараж”, соли 2007) ва “Масъуд дар набарди истихборотӣ” (ҳафтаномаи “Самак”, солҳои 2016 –17) ба нашр расидаанд. “Радди пойи фиръавн: Нақши Эрон дар террори Аҳмадшоҳи Масъуд” маъруфтарини китобҳои Раззоқи Момун аст, ки сарнавишти ӯро тағйир дод. Моҳи январи соли 2011 ба рӯи ӯ асид (тезоб) пошиданд. Момун маҷбур шуд Кобулро ба қасди Ҳинд тарк намояд. Ҳоло дар Австралия зиндагӣ мекунад.

Добавить комментарий