Аз маркази матбуоти ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ки дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд парвозҳо ба роҳ монда шуданд.

Интиқолгари миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳаррӯза дар самти Душанбе – Хуҷанд – Душанбе амалӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки парвоз бо ҳавопаймои Bombardier CRJ-200, соати 17:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва соати 19:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сурат мегирад. Парвоз ба як тараф 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here