Дар бинои Маркази савдои «Душанбе Мол» бахшида ба соли ҷавонон нахустин бор барои кӯдакон  мусобиқаи  «Маленкий чемпион» бо дастгирии Агентии рекламавии «Тайрон» гузаронида шуд. Дар мусобиқаи пойга варзишгарони синнашон аз 10-моҳа то 3-сола ширкат варзиданд. Хурдтаракони ҳамаҷониба чобуку зирак ғолиби мусобиқа дониста шуданд.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ ҷалб намудани оилаҳои ҷавон ва кӯдакони хурдсол ба тарзи ҳаёти солим, тарбияи тифлон дар рӯҳи рақобатпазирӣ ва зӯрозмоӣ, мустақамии оила унвон шуд.

Дар чорабини мазкур зиёда аз 100 нафар варзишгар иштирок намуданд. Варзишгарон ба чор категорияи сину сол ҷудо шуданд: тифлакони аз 10-моҳа то 1-сола дар дастаи «Ползунки» (масофаи 5 метр), аз 1-сола то 1,5-сола («Первые шаги» дар масофаи 5 метр), аз 1,5 то 2-сола ва аз 2-сола то 3-сола («Бегунки» дар масофаи 10 метр). Қоидаи мусобиқа имконият медиҳад, ки яке аз волидайн барои гузаштани масофа ба иштирокчӣ ёрӣ расонад, яъне, бидуни даст расонидан ӯро бо бозичаву маводҳои ҷолиб ва балегӯиҳо барои гузаштани масофа ҳидоят намояд.

Иштирокчиён сазовори диплом ва туҳфаҳои хотирмон,  ки Маркази дилхушии кӯдакон «Алладин», Маркази такомули барвақтии заковати кӯдакон «Вундеркинд», маркази таълимии «Империяи дониш», ширкатҳои истеҳсолии  «Молочная радость» (Хуҷанд), EvyBaby ва «Faberlic» пешниҳод намудаанд. Ширкатҳои  «TOJIKON HOLIDAY», «Душанбе-арт», агентии нигаҳбонии «Редлайн» ва «Оби Зулол» низ  шарикони ин лоиҳа буда, барои пурсамар ва беҳатар шудани он саҳмгузорӣ намуданд.

Барои табрики ғолибони хурдакак ва варзишгарони хурдсол сароянда Фарзонаи Хуршед ширкат дошь. Ин чорабинӣ барои ҳамаи иштирокчиён хурсандии зиёд ва нерӯи тоза бахшид.

Добавить комментарий