Дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба тарабхонае дар шаҳри Уагадугу дар кишвари африқоии Буркина-Фасо 18 нафар кушта шудаанд, хабар медиҳад Associated Press бо истинод ба изҳороти ҳукумати ин кишвар.

Пештар гуфта мешуд, ки дар натиҷаи ин ҳамла 17 нафар куштаву 8 кас захмӣ шудаанд, аммо маълум гардидааст, ки кушташудаҳо 18 нафар будаанд. Инҳо аз қавму миллатҳои гуногун будаанд. Айни ҳол кушта шудани як шаҳрванди Фаронса дақиқ шудааст.

Шумораи нафарони ҳамлавар муайян карда нашудааст, аммо ба қавли баъзе аз шоҳидон се нафари онҳо бо мотосикл ба назди тарабхона омада, ба ҷониби одамон оташ кушодаанд. 

Добавить комментарий