Дар шаҳри Хоруғ, дар бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) барои нахустин бор нишасти сатҳи байналмилалӣ – TEDx, ки аз сӯи донишҷӯёни ин донишгоҳ ташкил шуда буд, баргузор гардид. Ширкати Tcell сарпарастии кулли чорабинии TEDxUCA-ро ба зимма дошт ва барои сухангӯёну ширкатдорони маҳфили мазкур шароити мусоидро ҷиҳати ибрози андеша пешниҳод сохт.

Мавзӯи баррасишаванда дар TEDxUCA дар шаҳри Хоруғ «Encounters at the Edge» («Бархӯрд дар канор») интихоб шуда буд. Барои рушду пешрафти як шахсияти алоҳида ва ҳам барои комёбии ҷомеъа дар маҷмӯъ зарур аст, ки ҳамвора бо атроф дар набард буд, мубориза бурд ва чизи наверо кашф кард. Панҷ сухангӯ (спикер), ки ҳар кадоме бахши алоҳидаи иноватсияву технологияро намояндагӣ карда, ҳар яке таҷрибаи вижаи худро доштанд, дар ин маҳфил суханронӣ карданд. Онҳо нақл карданд, ки чӣ тавр як одам дар нуқтаи сарнавиштсоз ва марҳилаи ниҳоӣ бояд амал кунад ва дунёро ба чашми дигар бубинад.

Озодхон Давлатшоев, менеҷер бо таҷрибаи ғанӣ дар бахши молия, тиҷорат, мудирияти банақшагирӣ ва идоракунӣ аснои таваккал (риск) дар мавзӯи «Edgy Technology» («Технологияҳои пурранг») суханронӣ кард. Дар баромади худ ӯ қайд кард, ки аудиторияи дунёи фанноварӣ (технология) бо чӣ тарз воқеъияти атрофро дигаргун месозад: дар ояндаи наздик рақобат миёни мардум (одамон) ва ақли сунъӣ ба ҳақиқат табдил хоҳад ёфт. Озодхон ҳамчунин гуфт ва андешаеро исбот кард, ки ҳар як одам ҷузъе аз ҷаҳони бузург аст ва фикри инфиродӣ метавонад андешаи глобалиро шакл бидиҳад. Дар робита ба ин, хеле муҳим аст, ки ҳангоми иртиботот масъулият дошта бошед ва манобеъи интернетро бо дурустӣ истифода кунед.

Зимнан, дар TEDxUCA дигар сухангӯён аз қабили: Далер Ҷумаев (мудири кулли ширкати «Помир Энерҷи») дар мавзӯи «Қуллаҳои ношинос», Саҳар Иброҳим (мутахассис дар умури равобити Хадамоти Оғохон оид ба маориф– AKES) дар мавзӯи «Орзуҳои барномарезинашуда», Ҳади Хусайнӣ (сарвари Оҷонсии Оғохон Хабитат– АКАН) дар мавзӯи «Аз камбизоатӣ ба шукуфоӣ» ва Фурӯғ Шакармамадова (мутахассис оид ба равобит ва ҷомеъаи Pamir Eco-Cultural Tourism Association – PECTA) дар мавзӯи «Кӯҳҳои имконият» баромад карданд.

Тибқи меъёри расмии TED, ҳар як баромад (суханронӣ) набояд аз 18 дақиқа бештар бошад ва он аз лексия дида ба як саҳнаи монанд ба спектакл шабеҳ аст. Аснои суханронӣ, баромадкунандагон бо эҳсоси ба худ хос дар бораи он ки чӣ онҳоро барои пешрафту дастёбӣ ба комёбиҳо ташвиқ кард, кушоду равшан иброз доштанд.

TED – бунёди ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи асосии он паҳн кардани идеяҳои мунҳасир ба фард (“Ideas worth spreading”) мебошад. TED — ин Технология (Technology), Саргармӣ (Entertainment) ва Дизайн (Design), се бахши бузургу муҳим мебошанд, ки ба гуфти бунёдгузоронаш, муайян хоҳанд кард, ки оянда чӣ гуна бояд бошад.

Ҳамоиши ҳарсолаи TED беҳтарин спикер (сухангӯён)-ро, ки касбу кори гуногун- адибу сиёсатшинос, навоварон, ҷомеашиносу иқтисодчӣ, бозоршиносу тоҷиронро гирди ҳам оварда, онҳо тавассути пахши ройгон дар шабакаи ҷаҳонии интернет аудиторияи бузургу миллионнафараро аз навгониҳо огаҳ месозанд. Дар баргузории ҳамоишу нишастҳои TED фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ширкатҳои мухталиф, шахсиятҳои шинохта нақши муассир доранд.

Тамошои наворҳои TED тавассути сомонаи расмии https://www.ted.com/ дар Youtube, инчунин Facebook http://www.facebook.com/TED имконпазир аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here