Tcell дар бораи оғози хизматрасонии тамошои «Tcell Оila TV» эълон кард. Oila TV — телевизиони мобилӣ мебошад, ки тавассути он Шумо беҳтарин каналҳои телевизионро дар реҷаи онлайн ва сабти ба таъхиргузошта дар смартфон, планшет ва роёна, инчунин телевизиони ҳушманд (Smart TV) тамошо карда метавонед.

Хизматрасонӣ ҳамчун замимаи мобилӣ (IOS ва Android), инчунин веб дастрас аст. Пас аз рақамчинии фармони пайвастшавии * 7117 #, SMS-паёмак бо пайванд барои боргирии замима ва ва рамз барои ворид шудан ирсол мегардад.

Дар сервиси мазкур беш аз 150 беҳтарин шабакаҳои телевизионӣ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, бахши маъмули маъруфтарин сериолҳои минтақа дар ҳоли коркард қарор дорад. Шабакаҳо аз рӯи категорияҳо пешниҳод карда мешаванд: варзиш, мусиқӣ, синамо, кӯдакон, тафреҳ, иттилоот ва ғайра.

Яке аз функсияҳои хизматрасонӣ «Ёдрас» мебошад, ки Шуморо дар бораи вақту замони нашри барномаи дӯстдоштаатон хотиррасон менамояд. Ва агар бо сабабе ҳам натавонистед барномаро бубинед, «Oila TV»  имкон фароҳам меорад, ки онро давоми 48 соат аз бойгонӣ тамошо кунед.

Ба «Tcell Oila TV» пайваст шавед ва шабакаҳои дӯстдоштаи худро бидуни маҳдудият ва бе сарфи трафик бо арзиши ҳамагӣ 1,3 сомонӣ дар як рӯз тамошо кунед. Фармони пайвастшавӣ: * 7117 #

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here