Сокинони шаҳри Хуҷанд дар назди театри мусиқӣ ва драмавии Камоли Хуҷандӣ дар як маҳфили бошукӯҳ бо Tcell Рӯзи шаҳрро таҷлил карданд.

Шумораи зиёди шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр барои баргузор кардани як шоми олӣ бо ситораҳои мусиқии ватанӣ ва ӯзбек дар ин ҷо ҷамъ омада буданд. Намоиши муосири нур, намоиши дурахшони ситораҳо ва оташфишонии рангорангин рӯзро ба иди воқеӣ мубаддал гардонд.

Дар ин рӯз ситораҳои эстрадаи вилояти Суғд мардуми Хуҷандро табрик карданд. Ҳамзамон, аз пойтахт Нозия Кароматулло, Муҳаммадрофеъ Кароматулло ва БахтиёрИбрагимов барои табрик ташрифоварданд. Инчунин, овозхони Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова мухлисонро бо сурудҳо ва хитҳои наваш шод гардонд.

Дар макони баргузории чорабинӣ ғурфаҳои махсус барои сокинони шаҳр омода карда шуданд, ки дар онҳо дастовардҳои соҳаҳои гуногуни истеҳсолии шаҳр –маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳунармандон аз манотиқи мухталифи шаҳр тамоми намуди ҳунарҳои худро пешниҳод карданд.

Дар ҷашни Рӯзи шаҳр зиёда аз 30000 сокинони Хуҷанд ширкат варзиданд.

Tcell бузургтарин ширкати телекоммуникатсионии Тоҷикистон мебошад, ки саҳм дори ягонаи он Хазинаи рушди иқтисодии Оғохон (AKFED) мебошад. AKFED оҷонси байналмилалии рушд мебошад, ки ба пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор нигаронида шудааст. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN – шабакаи оҷонсиҳои хусусии рушд мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани имконот ва шароити зиндагии мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Агентиҳои AKDN баҳри манфиати тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва мазҳабашон кор мекунанд. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд AKDN ба саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, аз ҷиҳати сиёсӣ устувор, зеҳнии гуногун ва фарҳангии таҳаммулпазир мебошад.

Добавить комментарий