Даври аввали иқдоми бузургмиқёси бебохти “Пардохти муваффақ” аз Tcell ва Hyundai ба охир расид. Дар ин марҳила 10 барандаи тӯҳфаҳо муайян шуданд, ки “пардохти муваффақ”-ро анҷом додаанд. Онҳо 5 телефони ҳушманди Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва сабукрави тамғаи «Hyundai Accent»-ро бурд карданд.

Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 14 июн идома ёфт. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд.   Қуръакашӣ барои муайян кардани барандагони иқдом дар дафтари марказии Tcell дар шаҳри Душанбе ва бо ҳузури муштариёну тамошобинон, намояндагони ширкату хабарнигорон сурат гирифта, тавассути барномаи мустақими радиои “Ватан” пахш гардид.

10 ғолиби даври аввали иқдом тариқи қуръакашӣ дар таҷҳизоти автоматӣ, ки бо системаи омехта, тубчаи рақамгузоштаро (ва он дар маҷмӯъ ID-рақами муштариро ташкил дод) пешниҳод мекунад, муайян карда шуд. Ҷуғрофиёи барандагони тӯҳфаҳо хеле бузург аст: онҳо муштариёни Душанбе, Спитамен, Хуҷанд, Шаҳритус, Панҷакент ва Ҷайҳун мебошанд. Ҷоизаи асосӣ- автомобили Hyundai Accent насиби муштарӣ аз ноҳияи Восеъ гардид.

Рӯйхати пурраи ғолибон, ки ID-рақамашон бурд кардааст, дар сомонаи расмии ширкат: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment/  мавҷуд аст.

Пас аз ба анҷом расидани марҳилаи аввали иқдоми “Пардохти муваффақ” даври дуюми аксия оғоз гардида, он то 29 июл идома меёбад. Бурди ҷоизаҳо рӯзи 30 июл сурат мегирад. Дар ин марҳила низ иштирокчиёни аксия имкони бурди 5 смартфони Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва аз ҳама асосӣ мошини Hyundai Accent-ро доранд. Даври ниҳоӣ бошад аз 30 июл то 10 сентябр ҷараён гирифта, теъдоди ҷоизаҳо афзоиш меёбад: дар марҳилаи охир 10 телефони ҳушманди Samsung A30, 4 Smart TV Samsung, 3 MacBook ва автомобилӣ Hyundai Accent ба бозӣ гузошта мешавад.

Барои иштирокчии аксия шудан фақат зарур аст, ки ба тавозуни телефонатон 10 сомонӣ ва ё бештар аз он маблағ гузаронед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» — бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пурра карда, соҳиби ID-рақами инфиродӣ ва иштирокчии аксия шавед! Шояд ҳамин пардохти Шумо муваффақ мешавад.

Добавить комментарий