Шаҳри Хуҷанд макони баргузории мусобиқаи 7-уми кушоди байналмилалии ҷудо барои дарёти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ширкати Tcell мусобиқаи мазкурро сармоягузорӣ кард.

Дар мусобиқа зиёда аз 250 варзишгар аз Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ширкат варзида, байни мардон дар ҳафт вазн мусобиқа баргузор шуд.

Дар натиҷаи мусобиқа дар се вазн, паҳлавонони Тоҷикистон пирӯз шуданд. Медалҳои тиллои мусобиқаро Комроншоҳ Устопириён, Раҳматулло Фарҳодов ва Шакармамад Мирмамадов ба даст оварданд.

Паҳлавонони тоҷик дар маҷмӯъ 17 медал, аз ҷумла 3 тилло, 4 нуқра ва 10 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Сарпарастии чорабиниҳои варзишӣ ва рушди варзиш дар Тоҷикистон, ширкати Tcell буда, фаъолияти ширкат ин пеш аз ҳама пеш бурдани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона карда шудааст. Ширкати Tcell барои солими миллат мусобиқаҳои варзиши ба монанди футбол, волейбол, велосипедронӣ, ҷудоро фаъолона дастгирӣ мекунд.

Бисёр варзишгарон барои муошират ширкати Tcell-ро интихоб мекунанд. Масалан, Комроншох Устопириён, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо медали тиллоиро ба даст овардааст, муштарии ифтихории ширкат мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here