Ширкати Tcell сервиси расонидани SIM-кортро то хонаи муштариён пешниҳод мекунад. Маркази мобилии хизматрасонӣ ба назди ҳар касе, ки SIM-корти навро пайваст ва ё онро мехоҳад ба қайд бигирад, ё онро ивазу барқарор карданӣ аст, ҳозир мешавад. 

Барои фармоиш додани хадамоти маркази хизматрасонии мобилӣ бояд ба рақами 936010000 ё 926777070 занг занед. Маркази хидматрасонии мобилии Tcell ба суроғаи зикршуда расонида мешавад ва мутахассисони ширкат ба Шумо дар иҷрои амалҳои зарурӣ кӯмак мерасонанд: пайваст кардани SIM-корти нав, иваз кардан, барқарор, ё сабти дубораи SIM-кортҳои мавҷуда, инчунин пур кардани тавозун. Ҳамчунин, мутахассисони Tcell омодаанд дар ҳама масоили иртибот (алоқа) маслиҳат диҳанд, тарофаи зарурӣ ё опсияи Tcell-ро, ки барои ҳар як муштарӣ мувофиқанд, тавсия диҳанд.

Реҷаи кории марказҳои хизматрасонии мобилӣ ва хати доимоамалкунандаи қабули дархостҳо: аз 09:00 то 17:00, аз рӯзи душанбе то ҷумъа.

Дар ҳоли ҳозир, хизматрасонии мазкур дар Душанбе, Турсунзода, Рашт, Ваҳдат, Бохтар, Леваканд, Вахш, Кушониён, Хуросон, А. Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б. Ғафуров, Истаравшан ва Исфара дастрас аст. Дар оянда рӯйхати шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин изофа мешаванд.

Ширкати Tcell дар кори ҳаррӯзаи худ ба хоста ва ниёзҳои муштариён тамаркуз мекунад. Дар айни замон, вақте ки хатари мубталошавӣ ба вируси COVID-19 баланд аст ва ба ҳама дар хона мондан тавсия дода мешавад, хизматрасонии марказҳои хизматрасонии мобилӣ барои аксари муштариён хеле қулай аст. Ширкат хадамоти ҷадид ва сервисҳои навро пешниҳод менамояд, то ба муштариён дар истифода ва корбарии шабакаи Tcell кӯмаки бештар расонад.

Добавить комментарий