Маъракаи бузургмиқёси роумингӣ аз ширкати Tcell «Ҷомадони бунафшранг» барои онҳое, ки зуд-зуд сафар мекунанд ва ҳаёти худро бидуни иртиботи доимӣ бо оила ва дӯстон тасаввур карда наметавонанд, ба поён расид.

Барандаи асосии иқдом Ҳусейн Ҷӯраев, нафақахӯр аз ноҳияи Айнӣ гардид. Ҳусейн соҳиби шаҳодатнома бо маблағи 10 000 сомонӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳи лижаронии зимистонаи «Сафед-Дара» шуд, ки дар он ҷо метавонад бо наздикону пайвандон таътили зимистонаро хотирмон сипарӣ намояд.

Маъракаи роумингии Tcell «Ҷомадони бунафш» дар моҳи май оғоз ёфт. Ҳар моҳ Tcell ба панҷ ғолиби озмун ҳадяҳои хотирмон ва аз ҳама муҳим- ҷомадони зебои рангаш бунафшро тӯҳфа мекард. Тайи ин муддат 30 нафар барандаи иқдом соҳиби ҷомадон гардиданд.

Бурди тӯҳфаҳо ҳар моҳ миёни онҳое, ки аз хизматрасонии “Реалний” (Ҳақиқӣ) ва ё “Легкий” (Сабук) дар роуминг истифода бурда, дар як моҳи тақвимӣ 100 сомонӣ сарф кардаанд, баргузор мешуд. Ғолибон тавассути рақамҳои тасодуфӣ, ки генератор муайян менамояд, эълон мегардиданд.

Сафар кунед ва барои худ дунёро кашф кунед, дар ин ҳолат низ иртиботи доимиро бо хешовандону дӯстон тавассути хидматрасонии роуминги Tcell аз даст надиҳед! Тафсилоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ва хидматрасонӣ дар нишонии зерин: https://www.tcell.tj/roaming/realniy-i-legkiy-rouming/podkl-i-usloviya.php

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here