Моҳи август ширкати Tcell аз ҳоли иддае аз истироҳаткунандаҳои истироҳатгоҳҳои минтақаҳои кишвар дидан карда, ба онҳо дарсҳои “Бехатарӣ дар Интернет”-ро гузашт, ки ҳадафаш баланд бардоштани фарҳанги қоидаҳои рафтор дар шабака ва роҳҳои канорагирӣ аз таҳдидҳои интернетӣ мебошад.

Интернет манбаи муфид аст, аммо мутаассифона баъзан вақт он ба руҳияи нозуки кӯдакону наврасон таҳдид мекунад. Дар “дарс”-и интерактивӣ бачаҳо дар бораи бехатарии Интернет, роҳи дуруст, муфид ва бехатар истифода бурдани шабака, қоидаҳои рафтор дар Интернет ва аз чӣ канора гирифтанро мефаҳманд. Дарсҳои шавқовар дар бораи бехатарӣ дар шабака дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи “Хивҷ”-и ВМКБ, “Шоҳин”-и Қайроқум ва “Зимчуруд”-и Варзоб гузаштанд.

Бачаҳо дар бораи фирор аз таҳдидҳои интернетӣ, қаллобони интернетӣ, барномаҳои рамзшикан, вирусҳо ва иттилои бардурӯғ маълумот гирифтанд. Ҳамчунин, ба мактаббачаҳо қоидаҳои оддии рафтор дар шабака — ба бегона бовар накардан, ахбори шахсии худро боз нагузоштан, ба пешниҳодҳои “фоидаовар” розӣ нашудан, суроғаҳои номаълумро нохун назаданро омӯхтанд.

Лоиҳаи “Бехатарӣ дар Интернет” то оғози соли таҳсил идома хоҳад кард. 

Добавить комментарий