Дар доираи масъулияти иҷтимоӣ, ширкати Tcell ба қабатӽои осебпазири аҳолии Тоҷикистон ғамхорӣ зоӽир менамояд. Дар соли 2018 ширкати Tcell ба 8 муассисаи кӯдакона — хонаи кӯдакон, интернатҳо, марказҳои барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо туӽфаӽои хотиравӣ ташриф овард

Ӽар як муассиса маҳз бо он чизӽое, ки дар айни замон тарбиятгирандагонаш эӽтиёҷот доштанд, таъмин карда шуд, Дар мактаб — интернати барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои 300 нафар тарбиятгирандагон – дафтар, асбобу ҷиӽози хаттӣ, ҷиӽози варзишӣ туӽфа карда шуд. Кӯдакони хонаи кудаконаи шаҳраки Шуроби ноҳияи Исфара бо сарулибоси зимистона таъмин карда шуданд.

Аз ӽама кӯдакони хурдсолтаринро Tcell дар Душанбе хабар гирифт, дар Муассисаи махсусгардонидашудаи давлатии хонаи кӯдакони №1. 200 нафар хурдсолони ин макон бо сарулибоси нав ва воситаҳои гигиенӣ таъмин карда шуданд. Барои таълимгирандагони маркази кудакони имконияташон маҳдуди Ховалинг, Tcell гармкункунакӽо туӽфа намуд, то ин ки дар фасли сармои зимистон дар шароити гармӣ зиндагӣ ва таълим намоянд.  

Барои мактаби №1 дар ноҳияи Темурмалик, ки дар он беш аз 1000 кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилиӽои камбизоату оилаҳои нопурра таӽсил мекунанд, Tcell асбобу ҷиӽози мактабӣ аз он ҷумла дафтар, дафтари рассомӣ, қаламӽои ранга, асбобу ҷиӽози хаттӣ харидорӣ намуд. Зиёда аз 200 нафар мактаббачагони мактаби махсуси барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҳамчунин соҳиби тӯҳфаҳо – молҳои канселярӣ аз Tcell гардиданд.

Дар Хоруғ, Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ, ки аз ҷониби сокинони маӽаллӣ сармоягузорӣ мешавад, ширкат телевизори плазмавии нав барои рушд ва таълими кӯдакони аз руи барномаи томактабӣ туӽфа карда шуд. Барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ молҳои канселярӣ туӽфа карда шуд.

Дар рафти иқдомӽои эҳсонкорӣ, ширкати Tcell ба тамоми манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла, пойтахти кишвар, ноҳияӽои тобеи марказ, Хатлон, Суғд, ВМКБ ташриф овард. Ба зиёда аз 2000 нафар кӯдакон аз муассисаҳои гуногун ширкат кӯмак ва тӯҳфаӽо расонида шуд.

Tcell, ҳамчун ширкати иҷтимоии масъул, мунтазам лоиҳаҳои хайриявӣ мегузаронад. Бо расонидани кӯмак ба қабатӽои осебпазири аҳолӣ, Tcell ғамхории худро нисбати ҷамъияте, ки дар он амал мекунад, зоҳир менамояд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here