Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода, ки аз аввалинҳо шуда будани короновирусро дар Тоҷикистон ошкор кард, бо як паёми нав ба мардуми кишвар муроҷиат кард.

Ӯ навишт, ки мавқеи Бемористони Ибни Синоро дар ростои бемории Covid-19 изҳор намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро мушоҳида кардааст ва ҳоло мехоҳад ба назари додааш бештар рӯшанӣ андозад:

«Пеш аз ҳама бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ метавон аз сирояти ин вирус дар амон буд. Инро аз таҷрибаи шахсиям мегӯям. Дар як ҳафтаи охир бо мубталоёни зиёде рӯбарӯ шудам, ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, Худоро шукр то ҳол ҳеч аломати сироятро надорам. Роҳҳои пешгириро мо гаштаю баргашта борҳо дар сафҳаамон навиштем.

Муттаассифона, вируси куруно ба ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар сироят кард. Мо нишонаҳои онро дар кормандони тиб, устодони макотибу донишгоҳҳо, кормандони бонку муассисаҳои давлатӣ, бознишастагон ва ғайра мушоҳида кардем. Ба назар мерасад, ки дигар пешгирӣ аз сирояти ин вирус хеле душвор аст ва ба интизом ва риояи беҳдошти шахсии ҳар нафар вобаста мебошад. Ҳатто бо ин пешгириҳо шояд аксари мардуми кишвар дер ё зуд ин маризиро аз сар гузаронанд.

Ҳамагир шудани ин вирус ду паёмади нохуш дорад:

Паёмади якуми ин маризӣ дар он аст, ки теъдоди зиёди одамон ба бемористонҳо муроҷиат мекунанд ва шояд камбуди теъдоди тахт пеш ояд.

Ба ҳамин сабаб масъалаи асосӣ ин аст, ки бояд ҳар нафар саъй кунад то ҳарчи дертар ба сироят мубтало шавад.

Ин вирусро аксари(85%) одамон хеле ба осонӣ аз сар мегузаронанд, бинобарин дар ҳоли бурузи аломатҳои он аз қабили ҳарорати баланди бадан, беҳолӣ, сулфаи хушк ва ғайра набояд ба таҳлука афтид, балки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ худро кунҷнишин кард то наздикон олуда нашаванд ва бо пизишк тамос гирифт. Ин беморон метавонанд бо тавсияҳои муттахассисон табобатро дар хона бигиранд. Мо рақами телефонҳои пизишкони Бемористони Ибни Синоро дар сафҳаи фейсбукиамон гузоштем, онҳо бисту чор соат дар хидмати шумоянд ва шуморо роҳнамоӣ мекунанд.

Ашхоси калонсол ё касоне ки маризиҳои музмин ё системи эмании заиф доранд, дар асари олудагӣ ба оризаҳо дучор шуда метавонанд. Пеш аз ҳама ин афродро бояст кунҷнишин кард, то олуда нашаванд, ва дар ҳолати олуда шудан, бояд зери муроқибати пизишкон қарор бигиранд, ки Вазорати тандурустӣ бемористонҳои муҷаҳҳазро барои дармони онҳо омода кардааст.

Бемористони Ибни Сино вуруд ба бемористонро шадидан назорат мекунад, дар ҳоли ҳозир олудагӣ надорад ва дар риштаҳои маъмулӣ ба беморон хидмат мерасонад.

Аз таҷрибаи кишварҳое ки қабл аз мо вирус дар кишварашон шуюъ кард, ду намуди рафтор дар муқобила бо ин мушкил ба мушоҳида расид:

Якум қарантинаи шадид, ки мо он фурсатро аз даст додем, дувум қарантинаи нарм, ки суръати сироятро коҳиш медиҳад ва мардум ба тадриҷ ба ин маризӣ масуният пайдо мекунанд. Мо лоилоҷ бояд роҳи дувумро пеш бигирем ва саъй кунем, ки теъдоди касоне, ки ба кӯмаки пизишкон ниёз пайдо мекунанд, якбора зиёд нашавад.

Паёмади дуюм ва ҳатто бадтар аз аввалӣ ин эҳсоси ваҳму ваҳшат аст. Ин паёмад метавонад мушкилотро дучанд созад, афсурдагии иҷтимоиро ба бор орад ва сабаби авҷи маризиҳои рӯҳиву равонӣ шавад. Ҳамчунин дар асари воҳима мардум ба бозорҳо барои захира кардани маводи хӯрокворӣ бирезанд ва нархҳо боло рафта, ба қишри камбизоат дастнорас бишаванд ва камбуди маводи хӯрданӣ пеш ояд.

Таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ ва назари коршиносони эпидемиологӣ бар он аст, ки ин ҳамагирӣ дар Тоҷикистон охири моҳи июл ба охир мерасад, аз ин сабаб ҳоҷат ба захира кардани мавод нест.

Бо назардошти он чи дар боло гуфта шуд, ба ваҳму ҳарос набояд роҳ дод ва бо донишу огаҳӣ аз ин марҳалаи ҳассос бо камтарин талафот убур кард.

Бо кӯмаки Худои меҳрубон мо дар муддати аз ду то се моҳ ба ин вирус масунияти ҷамъӣ ҳосил хоҳем кард».

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here