Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласаро ба аъзои Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода баррасӣ намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин такмил додани меъёрҳои Қонуни амалкунанда ворид намудани тағйироти имлоӣ ва таҳрирӣ ба баъзе моддаҳо ва сархатҳо, таҳия гардидааст. Аз ҷумла, сархати сеюм моддаи 3, ки ба мафҳумҳои асосӣ бахшида шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда мешавад:

«- экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда хулоса дода мешавад.». Ҳадаф аз тағйироти мазкур мутобиқ намудани мафҳуми экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии ба мафҳуми экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро ба аъзои Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баррасӣ намуда, иброз намуд, ки  лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Тибқи қисми 3 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон        «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи  соли 2018,  додани қитъаи замин ва иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода таъкид намуд, ки  лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паём «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  26 декабри соли 2018 баён доштанд, таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур ин дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар Шӯро ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here